Вход на сайт

Просмотр новости

Найдите то, что Вас интересует

ВКХ: Дар миёни зарардидагон аз ҳамлаҳо ба фурудгоҳи Риёз шаҳрвандони Тоҷикистон нестанд

Дата публикации: 12-10-2026 11:30:00

Дастикам 13 кас дар натиҷаи ин ҳамлаҳо кушта шуданд.

Основное содержимое страницы с новостью.

Дар ҳамлаи рӯзи 10 ва 11-умим октябри соли равон ба фурудгоҳи байналмилалии ба номи шоҳ Холид дар Риёз шаҳрвандони Тоҷикистон осеб надидаанд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо истинод ба маълумоти пешакии сафорати кишвари мо дар Арабистони Саудӣ.

Тибқи иттилои манбаъ,”сафорати Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ бо Вазорати корҳои хориҷӣ ва мақомоти дахлдори ин кишвар дар тамос буда, ҳамзамон бо шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Арабистони Саудӣ қарор доранд, робитаи доимиро нигоҳ медорад”.

Дар ҳамин ҳол, дар ҳамлаи ба фурудгоҳи Риёз ду шаҳрванди Ӯзбекистон осеб дидааст. Дар ин бора Амонулло Файзиев, сухангӯи ВКХ -и кишвари ҳамсоя хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, 10 -уми октябр дар натиҷаи зарбаи мушакӣ ба бинои №3 фурудгоҳи байналмилалӣ ду шаҳрванди Ӯзбекистон захмҳои сабук бардоштанд. Ба осебдидагон ёрии тиббии аввалия расонида шудааст ва пас аз муоина ва табобати зарурӣ ҳарду аз бемолрхона мурахас шуданд.

Тибқи маълумоти пешакии ВКХ Ӯзбекистон, ҳангоми ҳамла дар қаламрави фурудгоҳ боз тақрибан 20 шаҳрванди Ӯзбекистон буданд. Онҳо осеб надидаанд.

Дар фурудгоҳи Риёз чӣ рӯй дод?

Ёдрас мешавем, ки рӯзи 10-уми октябр фурудгоҳи байналмилалии ба номи шоҳ Холид дар Риёз мавриди ҳамлаи мушакӣ қарор гирифт. Мақомоти Арабистони Саудӣ масъулияти ин ҳамларо ба дӯши Ҳусиҳои Яман гузоштанд.

Гурӯҳи “Ансоруллоҳ”-и Яман, ки ба номи Ҳусиҳо ҳам маъруф аст, масълуияти ин ҳамларо пазируфтааст. Ба навиштаи расонаҳо, Ҳусиҳо қабл аз ҳамла ба фурудгоҳи Риёз ба тамоми ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва мусофирон ҳушдор дода буданд, ки аз фазои Арабистони Саудӣ (ба истиснои шаҳрҳои Макка ва Мадина) истифода накунанд, зеро ин минтақаҳо “минтақаҳои амалиёти низомӣ” эълон шудаанд.

Дар миёни кушташудагон, чор шаҳрванди Арабистони Саудӣ, ду шаҳрванди Бангладеш, ҳамчунин як шаҳрванди ИМА, Миср, Урдун, Сурия, Фаластин ва Судон низ буданд.

Ҳамла ба инфрасохтори фурудгоҳ зарар расондааст. Кори он муваққатан боздошта шуд ва қисме аз парвозҳо ба фурудгоҳҳои дигар равона карда шуданд.

Ҳамчунин, рӯзи 11-уми октябр ба фурудгоҳ як ҳамлаи дигар шуд, ки тибқи иттилои мақомоти Арабистони Саудӣ, як шаҳрванди Покистон кушта ва 11 тани дигар захм бардоштанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Схожие новости

#Наименование новостиТональностьИнформативностьДата публикации
1Тоҷикистон аз ҳама бештар аз Беларус гӯшт ворид кардааст06.612-10-2026
2“Қадами нигаронкунанда”. Тоҷикистон бо баромад аз Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ чӣ ба даст меораду чӣ аз даст медиҳад?07.3513-10-2026
3Оё дар Тоҷикистон бе қарз зиндагӣ кардан имкон дорад?05.6218-08-2026
4Дар марзи Тоҷикистон ду касро куштаанд08.0421-08-2026
5Қаҳрамонии муҳоҷирони тоҷик. Чӣ гуна онҳо дар Бошқирдистон одамонро аз коми оташ наҷот доданд?08.4613-10-2026
6ВКД гуфт, се нафарро барои оташ задани бозори Ҳисор боздошт кардааст07.4222-08-2026
7Михаил Галустян аз мардуми Тоҷикистон узр хост08.1914-10-2026
8Оғози ҳамоиши байналмилалии сайёҳӣ ва мероси фарҳангӣ дар Душанбе. Аз ҳамоиш кӣ чӣ интизорӣ дорад?09.814-10-2026
9Йигирма беш йиллик музокаралардан сўнг қирғиз-тожик чегарасида устунлар ўрнатилмоқда0514-07-2026
10Дар Суғду Хатлон 13 мактабро таъмиру бунёд мекунанд. Порлумон қарзи 20 миллион долларии Кувайтро тасвиб кард019.6312-10-2026

Классификация: Происшествия. Схожих патентов: 0. Схожих новостей: 10. Тональность: 0. Информативность: 12.49. Источник: news.tj.