Ҳукумат барои ин лоиҳа аз буҷет 4,5 миллион доллари дигар ҷудо мекунад.
Дар вилоятҳои Суғду Хатлон бо 20 миллион доллар қарзи Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти Араб 13 мактабро таъмиру бунёд мекунанд. Вакилони Маҷлиси намояндагон созишномаи қарзии марбутаро дар ҷаласаи рӯзи 1-уми октябр тасдиқ кардаанд ва матни онро рӯзномаи “Садои мардум”, нашрияи порлумонии кишвар мунташир кардааст.
Ба иттилои манбаъ,Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молия, дар ҳузури вакилон гуфтааст, ки маблағи умумии созишнома 20 миллион доллар аст ва он пурра аз қарзи имтиёзнок иборат мебошад. Ба гуфтаи ӯ, ҳукумат аз ҳисоби худ боз 4,5 миллион доллар маблағгузорӣ мекунад.
“Ҳадафи лоиҳаи мазкур рушд ва беҳтар намудани таҳсилоти умумӣ, қонеъ гардони дани талаботи мамлакат ба низоми таҳсилот ва шумораи афзуншавандаи хонандагон тавассути сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии чанд муассисаи таълимӣ дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни Тоҷикистон мебошад”, – тавзеҳ додааст вазир.
Қаҳҳорзода афзудааст, ки дар доираи лоиҳа сохтмон ва навсозии 13 муассисаи таҳсилотӣ дар вилоятҳои Суғд ва Хатлон пешбинӣ шудааст. Рӯйхати муассисаҳо ва ноҳияҳои мушаххас дар гузориши ҷаласа нест.
Ҳукмиддин Сафарбекзода, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон дар ҷаласаи парлумон гуфтааст, ки татбиқи он аз соли 2026 оғоз мегардад ва то соли 2030 идома меёбад.
Муҳлати бозпардохт ва фоизи қарз на дар хабари Вазорати молия, ки “Азия-Плюс” навишта буд ва на дар гузориши ҷаласа зикр нашудааст. Фақат маълум аст, ки қарз “имтиёзнок” аст.
Вакилон ба маърӯзачиён савол надодаанд ва қарор бо овоздиҳии якдилона тасдиқ шудааст.
Норасоии мактабҳо дар бархе минтақаҳои кишвар яке аз мушкилоти ҷиддии бахши маорифи кишвар дониста мешавад. Мақомоти Тоҷикистон як далели норасоии мактабҳо ва ҳамчунин ҷойи нишаст дар бархе мактабҳоро афзоиши босуръати аҳолӣ унвон мекунанд.
Мактабҳои нав дар Тоҷикистон бо кумаки хориҷӣ пештар ҳам сохта шуда буданд. Аз ҷумла, рӯзи 19-уми майи соли ҷорӣ Сафорати Ҷопон анҷоми сохтмони мактаби нав дар ноҳияи Носири Хусрави Хатлонро эълон кард. Соли 2023 Фонди рушди Арабистони Саудӣ мактаби наверо дар ноҳияи Шаҳринав кушода буд.