Вход на сайт

Просмотр новости

Найдите то, что Вас интересует

Боздошти як зани 49-сола бо гумони куштори шавҳари 70 – солааш

Дата публикации: 12-10-2026 09:20:00

Мақомот ҳодисаи кушторро расман тасдиқ накардаанд.

Основное содержимое страницы с новостью.

Дар шаҳри Истаравшан як зани 49-соларо бо гумони куштори шавҳари 70-солааш боздошт кардаанд. Тибқи иттилои ду манбаи мо, ҳодиса рӯзи 10-уми октябр рух дода, ҳоло зан дар боздоштгоҳ аст.

Як масъул аз ҳукумати шаҳри Истаравшан бо шарти ифшо нашудани номаш ба “Азия-плюс” гуфт, ки ҳодиса дар маҳаллаи Садриддин Анйии шаҳр рух дода, зане, ки  гумонбари қатли шавҳар аст, оилаи сеюми ӯ мебошад.

“Дар пайи ҷанҷоли оилавӣ, зани 49 – сола бо корд чанд маротиба ба узвҳои муҳими шавҳари 70 – солааш задаааст, ки дар натиҷа, мард ба ҳалокат расидааст. Мард сокини Истаравшан ва ҳамсараш аз ноҳияи Зафаробод мебошад. Рӯзи ҳодиса, 10-уми октябр зан аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боздошт шуда, ҳоло дар боздошт қарор дорад. Онҳо соҳиби ду кӯдак, яке 10 ва дигаре 7 сола мебошанд ва ҳоло кӯдакон дар мактаб-интернати шаҳр ҷойгир карда шуданд”- афзуд манбаъ.

Дар бораи куштор, худи зан баъди се соати ҳодиса ба мақомот хабар додааст.

Зуҳро Ғафурова, раиси маҳаллаи ба номи Садриддин Айни шаҳр ҳам дар суҳбати телефонӣ ба “Азия-Плюс” ҳодисаро тасдиқ карда, гуфт, ки марҳум Исмоилҷон Яъқубов ном дошта, ҳамсараш Садбарг (насабаш маълум нест) мебошад. Аммо вай гуфт, онҳо нав ба ин маҳалла кӯчида омада буданд ва дар бораи онҳо маълумоти кофӣ надорад.

Талошҳои пайдарпайи “Азия-Плюс” дар барои гирифтани назари мақомоти қудратии Суғд ба ин қазия бенатиҷа анҷомид.

Ҳамчунин, назари зан ва наздиконаш ба ин қазия маълум нест.

Ҳодисаи куштори ҳамсарон аз сӯи якдигар бори аввал нест. Ҳарчанд омори алоҳидаи куштори ҳамсарон аз дасти шавҳарон ва ё баръакс нест, вале Бунафша Файзиддинзода, раиси Кумитаи занон ва оилаи Тоҷикистон дар нишасти матбуотии моҳи феврал соли гузашта гуфта буд, ки соли гузашта 3 ҳазору 246 ҷиноят нисбати занону духтарон содир шудааст.

Тибқи иттилои ВКД, дар кишвар дар 6 моҳи 2026 дар Тоҷикистон 40 ҷинояти куштор ва сӯиқасд ба он сабт шудааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 13 маврид зиёд мебошад. Маълум нест, ки дар ин миён чанд куштор аз сӯи наздикони ҷабрдидаҳо содир шудааст.     

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Схожие новости

#Наименование новостиТональностьИнформативностьДата публикации
1Оғози ҳамоиши байналмилалии сайёҳӣ ва мероси фарҳангӣ дар Душанбе. Аз ҳамоиш кӣ чӣ интизорӣ дорад?09.814-10-2026
2Нақшаи даъват ба хидмати ҳарбӣ дар 10 рӯз беш аз 80% иҷро шудааст014.4913-10-2026
3“Муросо кардем”. Роҳбар ва ҳунарпешаҳои Театри Бохтар гуфтанд, “ба баҳс поён додем”01013-10-2026
4Дар Суғду Хатлон 13 мактабро таъмиру бунёд мекунанд. Порлумон қарзи 20 миллион долларии Кувайтро тасвиб кард019.6312-10-2026
5Муҳлати мораторий барои санҷиши соҳибкорон то соли 2029 дароз шуд. Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбат бо соҳибкорон боз чӣ гуфт?09.2814-10-2026
6Қаҳрамонии муҳоҷирони тоҷик. Чӣ гуна онҳо дар Бошқирдистон одамонро аз коми оташ наҷот доданд?08.4613-10-2026
7Вазорати нақлиёт гуфт, ки васеъсозии роҳ ва сохтмони “эстакада” дар хиёбони Саъдии Шерозӣ кай шуруъ мешавад01014-10-2026
8Эмомалӣ Раҳмон дар Шаҳринав чанд зерсохти маркази таълимии КҲФ-ро ифтитоҳ ва машқҳои муштараки СПАД-ро назорат кард012.2213-10-2026
9В Таджикистане подсчитали количество месторождений соли011.5709-08-2026

Классификация: В стране. Схожих патентов: 0. Схожих новостей: 9. Тональность: 0. Информативность: 16.25. Источник: news.tj.