Бо иштироки сардори Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон ҷаласа баргузор шудааст.
Баъди расонаӣ шудани баҳс миёни роҳбарият ва ҳунарпешаҳои Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар, ҳарду ҷониб гуфтанд, ки суҳбате доштанд ва ба созиш расидаанд. Ба гуфтаи онҳо, дар театр бо иштироки сардори Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон вохӯрӣ баргузор шуда, ҳама масоили баҳсӣ ҳалли худро пайдо кардаанд.
Ин баҳс ҳафтаи гузашта дар шабакаҳои иҷтимоӣ рӯ зад ва боиси муҳокимаи ҷомеа шуд.
“Фазои мусоиди эҷодӣ муҳим аст”Тибқи иттилое, ки масъулини Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар (Театри Бохтар) ироа карданд, мулоқоти роҳбарият ва кормандони театр дирӯз, 12-уми октябр, бо ҳузури Раҳмон Зокирзода, сардори раёсати фарҳанги вилояти Хатлон баргузор шудааст.
Раҳмон Зокирзода гуфтааст, ҳар гуна ҳарфи берун аз эҷод ба кори натанҳо театр, ҳамчунин масъулини он, аз ҷумла роҳбарияту кормандони театр, ки шахсони эҷодӣ ҳастанд, таъсири манфӣ мерасонад ва боиси аз кори эҷодӣ дур мондани онҳо мешавад. Ӯ илова кардааст, ки ин кор фаъолияти чандсолаи Театри Бохтарро, ки дар даҳҳо ҷашнвораи дохиливу байналмилалӣ шоиста муаррифӣ шудааст, паси парда мебарад.
Отахон Саидзода, роҳбари Театри Бохтар ҳам ба аҳамияти фазои мусоиди эҷодӣ барои кормандони театр ва фаъолияти босамари онҳо таъкид карда, гуфтааст, дар ин самт омода аст талоши бештар кунад.
“Байни маъмурият ва чанд корманд, аз як масоили корие нофаҳмӣ сар зад, ки чанд моҳ пеш ҳалли худро ёфта буд, аммо мутаассифона он ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо кашида ва боиси эҷоди фазои номусоиди корӣ дар театр шуд”, – гуфтааст Саидзода.
Ӯ таъкид кардааст, ки барояш муҳити солими эҷодӣ дар театр муҳим аст ва барои ин тамоми талоши худро мекунад. Ҳамчунин, аз ҳамкорони худ низ хостааст, ки барои анҷоми кори бештару беҳтар ва боло бардоштани нуфузи театр ҳар мушкили пешомадаро бо маслиҳату машварати ҳамкорон ва роҳбарият ҳал карда, таваҷҷуҳи худро ба таҳияи намоишномаҳои наву диданӣ равон кунанд. Дар ин самт, роҳбарияти театр аз омодагии худ ҷиҳати дастгиру пуштибони кормандон хабар додааст.
Акс аз Театри Бохтар пешниҳод шуд“Ранҷҳоро аз дил берун кардем”Фирдавсии Турдиалӣ, ҷониби дигари баҳс, ки онро ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо кашид, тасдиқ кард, ки дар “маҷлиси созанда ва тақдирсоз” масъалаҳое, ки баҳсу мунозираи зиёдеро ба вуҷуд оварда буданд, “роҳи ҳалли худро ёфтанд”.
Ӯ рӯзҳои ахирро барои ҳама – ҳам роҳбарияти театр ва ҳам ҳунармандон, “душвортарин ва вазнинтарин” унвон карда, гуфт, бо ҳузури сардори раёсати фарҳанги вилояти Хатлон “масъалаи молиявӣ пурра ҳал шуд”. Ин ҳунарпеша афзуд, ки тарафҳо ба ҳам муросо кардаанд.
“Миёни банда ва директори театр баҳси лафзӣ ба вуҷуд омад ва дар он вақт ҳарду ҷониб зери таъсири асабоният вориди даъво шудем. Ман низ дар ҳолати ҳаяҷон баъзе наворҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн кардам, ки шояд боиси нигаронии бештар ва тирагии дилҳо гаштанд”, – гуфт Фирдавсии Турдиалӣ.
Ба қавли ин ҳунарпеша, дар маҷлис мушкилоти дигари кори онҳо, аз ҷумла зарурат ба хобгоҳ ҳам матраҳ шудааст ва сардори раёсати фарҳанги вилоят ба ҳарфи онҳо гӯш карда, ваъда додааст, ки ба он расидагӣ мекунанд.
“Мо бо ҳам муросо карда, бо самимият тамоми ранҷишҳоро аз дилҳо берун кардем. Ин саҳифаи душворро бо хубӣ ва дили соф ба анҷом расонидем”, – иброз дошт Фирдавсии Турдиалӣ.
Дар поёни ҷаласа, ба қавли маъулини Театри Бохтар, Раҳмон Зокирзода аз саривақт бартараф шудани нофаҳмии пешомада миёни роҳбарият ва кормандони театр, ҳамандешагии онҳо барои барқарор кардани муҳити созгори корӣ ва эҷодӣ, таҳияи намоишномаҳои наву диданӣ ва муаррифии шоистаи театр дар ҷашнвораҳо истиқбол карда, гуфтааст, омода аст дар ин самт ҳамеша дастгиру кумакрасони кормандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар бошад.
Ёдовар мешавем, ки ин баҳс ҳафтаи гузашта дар шабакаҳои иҷтимоӣ сар заду миёни ҷомеа баҳсу баррасиҳои зиёд барангехт. Аксари шореҳон аз ин баҳс миёни намояндагони театр изҳори тассуф карда, ба он таъкид доштанд, ки ҳарду ҷонибро зарур аст, сари миз нишаста, бо музокира ба баҳс хотима диҳанд.