Барои сафар раводиди Эрон лозим нест, аммо барои Туркманистону Афғонистон зарур аст.
Аз рӯзи 5-уми октябр шаҳрвандони Тоҷикистон ва Эрон метавонанд бидуни раводид (виза) тавассути роҳҳои заминӣ ҳам ба кишвари якдигар сафар кунанд. Аммо ду кишвар ҳаммарз нестанд ва роҳи заминии Душанбе–Теҳрон аз кишвари сеюм мегузарад.
Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар дода, гуфтанд, шаҳрвандони ҳарду кишвар бо шиносномаи хориҷӣ метавонанд то 30 рӯз дар ҳар 90 рӯз ворид шаванд, хориҷ шаванд, аз қаламрав убур кунанд ё муваққатан бимонанд – чи бо ҳавопаймо, чи бо роҳи замин ва чи аз тариқи кишвари сеюм.
Яъне барои сафар ба Эрон раводид зарур нест. Аммо раводид барои кишварҳое лозим аст, ки аз онҳо мегузаред.
Харита чиро нишон медиҳад?“Азия-Плюс” нигораи иттилоотии интерактивӣ омода кардааст: дар он ҳамаи масирҳо аз Душанбе то Теҳрон, гузаргоҳҳои марзӣ ва хароҷоти тахминии ҳар масир оварда шудаанд.
Агар ба гузаргоҳе ангушт занед, ному тафсилоти он, шаҳрҳои ду тарафи марз ва маълумоти дигар пайдо мешавад. Ҳамчунин, метавонед масирҳоро аз рӯи кишварҳои ҳаммарз ҷудо кунед.
Агар шумо дар кишварҳои дигар, аз ҷумла дар Русия ё мамолики ҳаммарзи Эрон будубош дошта бошед, тафсилоти гузаргоҳҳои Эронро ҳам дар бахши “Аз кишварҳои ҳаммарз ва Русия” дар ин харита дида метавонед.
Кадом масирҳо ҳастанд?Ҳамагӣ чор роҳ аст: тавассути Афғонистон, ки наздиктарин роҳ аст, тавассути Ӯзбекистону Туркманистон ва роҳи қисман ҳавоӣ бо Озарбойҷон – парвози Душанбе – Боку ва масири заминии Боку – Теҳрон.
Барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо масири заминӣ сафар мекунанд, раводиди Афғонистон ва Туркманистон зарур аст. Раводидро аз сафорат ва ё консулгариҳои ин кишварҳо дарёфт карда метавонед.
Азбаски шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия зиёд ҳастанд, бинобар ин масири Маскав – Теҳрон низ дар нигора оварда шудааст. Қатораи бевосита аз Маскав то Теҳрон нест: аз Маскав то Боку ҳафтае ду қатора меравад, баъд бояд бо автобус ё кирокаш рафт, ки харҷи он вобаста ба худи мусофир аст.
Дар ҳамин ҳол, мусоидтарин роҳ – парвози мустақим аст: ширкати Varesh Airlines байни Душанбе ва Теҳрон ҳафтае се маротиба парвоз мекунад. Пас аз он ки Туркманистон ба ҳавопаймоҳои эронӣ убури фазои худро иҷозат надод, парвоз дарозтар шуд ва ҳоло аз 2 соату 15 дақиқа то тақрибан 3 соату 20 дақиқа тӯл мекашад.
Бояд гуфт, ки нархи сафар, ки дар харитаи мо нишон дода шудааст, аз рӯи гуфтаҳои дастикам 4 тан шаҳрвандони Тоҷикистону Эрон аст, ки тавассути роҳҳои заминӣ замони раводид ҷорӣ будан ба кишвари ҳамдигар сафар кардаанд. Харҷи меҳмонхонаву хӯроку сайру саёҳат ҳисоб нашудааст. “Азия-Плюс” ин маълумотро аз манбаи расмӣ тасдиқ карда натавонист.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон ва Эрон низоми раводидро барои сафар бо ҳавопаймо пештар бекор карда буданд. Сабабу баҳонаҳои сафари шаҳрвандони Тоҷикистон ба Эронро дар ин матлаби мо бихонед.
| # | Наименование новости | Тональность | Информативность | Дата публикации |
|---|---|---|---|---|
| 1 | Рӯзи таҷлили ҷашни Меҳргон ва иди тарбузу харбуза ва кадуву оши палав маълум шуд | 0 | 7.9 | 14-10-2026 |
| 2 | “Муросо кардем”. Роҳбар ва ҳунарпешаҳои Театри Бохтар гуфтанд, “ба баҳс поён додем” | 0 | 10 | 13-10-2026 |
| 3 | Муҳлати мораторий барои санҷиши соҳибкорон то соли 2029 дароз шуд. Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбат бо соҳибкорон боз чӣ гуфт? | 0 | 9.28 | 14-10-2026 |
| 4 | Михаил Галустян аз мардуми Тоҷикистон узр хост | 0 | 8.19 | 14-10-2026 |
| 5 | Вазорати энерҷӣ гуфт, ки чӣ гуна дар хонаҳои худ панелҳои офтобӣ насб кунем | 0 | 7.56 | 13-10-2026 |
| 6 | Iranian lawmaker proposes invading US base, capturing ‘100 Americans’ to hold in Tehran | -5 | 5 | 15-07-2026 |
| 7 | Эрдоган пообещал Саудовской Аравии поддержку на фоне атак хуситов | 0 | 10 | 13-10-2026 |
| 8 | Эрдоган: Турция не улучшит отношения с Арменией без урегулирования карабахского конфликта | 0 | 0 | 15-09-2018 |
| 9 | Зариф заявил, что Иран не начнет войну в регионе | 0 | 0 | 22-08-2019 |
| 10 | Эрдоган заявил об усилиях Турции по возобновлению переговоров США и Ирана | 0 | 8.46 | 25-09-2026 |