Сафари ӯ дар охири моҳи сентябр ба Тоҷикистон боиси интиқоди тунди мардуми тоҷик шуд.
Михаил Галустян, ҳунарпешаи арманитабори Русия, ки сафараш дар охири моҳи сентябр ба Тоҷикистон боиси интиқоди тунди мардуми тоҷик шуд, бо гузашти ду ҳафта аз тоҷикистониён узр хост.
Ӯро дар Тоҷикистон барои иҷрои нақши Равшан, ки навъе таҳқиркунандаи муҳоҷирони тоҷик дониста мешавад, интиқод мекунанд ва ҳатто даъват шуда буд, ки сафари ӯ ба шаҳри Душанбе лағв ва худаш мамнуъулвуруд эълом шавад.
Навореро, ки дар он Михаил Галустян аз мардуми Тоҷикистон узр мехоҳад, Олег Самсонов, роҳбари ширкати “TAS International Group” рӯзи 13-уми октябр дар саҳифаи худ дар Инстаграм нашр кард. Маҳз ҳамин ширкат ҳунарпешаро ба Душанбе даъват карда буд. Дар саҳифаи худи Галустян ин навор то ҳол нашр нашудааст ва маълум нест, ки ангезаи пас аз гузашти ду ҳафта сабт ва нашр кардани навори узрхоҳии ҳунарманд чӣ аст ва чаро онро худи ҳунарманд нашр накардааст.
Галустян дар навор мегӯяд, агар нақшҳояш боиси озурдагии касе шуда бошанд, самимона пушаймон аст ва аз мардуми Тоҷикистон узр мехоҳад.
“Агар корҳо анҷомдода ва нақшҳое, ки қаблан бозидаам, боиси озурдагии касе шуда бошад, ё сабаби норозигиҳо аз сафарам ба Тоҷикистон шуда бошанд, аз ин самимона афсӯс мехӯрам ва аз шумо сидқан узр мехоҳам. Аз тамоми мардуми тоҷик узр мепурсам”, – гуфтааст Галустян.
Ба гуфтаи Галустян, ӯ бори нахуст ба Душанбе омад ва зебоии шаҳр, меъмории пойтахт, меҳмоннавозии мардум ва суръати рушди Тоҷикистон ӯро сахт мутаассир кард. Ин сафар, ба қавли ӯ, тасаввуроташ дар бораи Тоҷикистонро куллан дигар кардааст.
“Сафарам ба Тоҷикистон маро водор кард, ки дар бораи таърих ва фарҳанги ҳазорсолаи мардуми шумо амиқтар андеша кунам. Дар рагҳои мардуми тоҷик хуни шахсиятҳои бузурги таърихӣ, монанди Куруши Кабир ва Исмоили Сомонӣ, олимону шоирони ҷаҳоншумул, мисли Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Умари Хайём, Ибни Сино ва бисёр мутафаккирони дигар ҷорист, ки осорашон ба мероси тамаддуни ҷаҳонӣ табдил ёфтааст”, – мегӯяд ӯ.
Дар поён ӯ аз мардуми Тоҷикистон барои меҳмоннавозӣ, эҳтиром ва меҳре, ки ба меҳмонон доранд, сипос гуфта, афзуд, ки ин сафарро бо гармӣ ба ёд хоҳад овард.
Михаил Галустян Галустян рӯзи 30-юми сентябр дар чорабинии пӯшидае, ки “TAS International Group” барои муштариён ва шарикони худ баргузор кард, иштирок карда буд. Ин ширкати сохтмонӣ, дар ҷойи собиқи “Бозори сабз” маҷмааи “Dushanbe International District”-ро бо баландтарин бинои пойтахт месозад.
Барномаи ҳаҷвии “Наша Russia” солҳои 2006–2011 аз шабакаи ТНТ-и Русия пахш мешуд. Дар он ду муҳоҷири корӣ, Равшан ва Ҷамшуд, нодону бесавод тасвир шуда буданд. Он вақт Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Русия нотаи расмӣ фиристод ва фурӯши дискҳои филм дар кишвар манъ шуд. То имрӯз Галустян ба интиқодҳо аз Тоҷикистон посух намедод.