Вход на сайт

Просмотр новости

Найдите то, что Вас интересует

“Қадами нигаронкунанда”. Тоҷикистон бо баромад аз Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ чӣ ба даст меораду чӣ аз даст медиҳад?

Дата публикации: 13-10-2026 09:00:00

Дилрабо Самадова мегӯяд, ки қарор Тоҷикистонро аз уҳдадориҳои гузашта озод намекунад.

Основное содержимое страницы с новостью.

Рӯзи 1-уми октябр Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон қарори қатъи амали Низомномаи Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ (Статути Рум)-ро қабул кард. Дилрабо Самадова, ҳуқуқшиноси тоҷик, ба “Азия-Плюс” гуфт, ки ин қарор Тоҷикистонро фавран аз додгоҳ ҷудо намекунад ва барои ҳимояи аҳолии осоишта ва ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорони ҷиноятҳои вазнин оқибатҳои ҷиддӣ дошта метавонад.

Матни расмии ҷаласаи Маҷлиси намояндагон дар нашрияи порлумонии “Садои мардум” интишор шудааст. Мувофиқи он, Идибек Қаландар, муовини вазири корҳои хориҷӣ, гуфтааст, ки солҳои охир атрофи додгоҳ вазъият тағйир ёфтааст ва фаъолияти он торафт бештар сиёсӣ мешавад. Ба гуфтаи ӯ, ин равандҳо Додгоҳи ҷиноии байналмилалиро тадриҷан ба “абзори фишори сиёсӣ” дар ҳалли баҳсҳои байнидавлатӣ табдил медиҳанд.

“Арзёбиҳои охири фаъолияти Суди байналмилалии ҷиноӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки ин ниҳоди байналмилалӣ ба таври системавӣ аз стандартҳои эътирофшудаи байналмилалӣ ва принсипҳои калидии бетарафии додгоҳӣ канор рафтааст”, – афзудааст Қаландар.

Идибек Қаландар, Акс аз сомонаи Маҷлиси намояндагон

Рустам Шоҳмурод, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, гуфтааст, ки лоиҳаи қарорро раисҷумҳур барои тасдиқ ба парлумон пешниҳод кардааст. Ӯ афзудааст, ки Низомномаи Статути Румро на ҳамаи кишварҳо эътироф кардаанд ва ҳар як давлати мустақил ҳуқуқ дорад аз он хориҷ шавад.

Баъди ин суханон, вакилони Маҷлиси намояндагон бидуни ҳеҷ муҳокима ё баҳс қарорро тасдиқ кардаанд.

Рустам Шоҳмурод, Акс аз сомонаи Маҷлиси намояндагонҚатъи узвият кай эътибор пайдо мекунад?

Дилрабо Самадова, ҳуқуқшиноси тоҷик қарорро аз нигоҳи ҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқи инсон шарҳ дод.

Ба гуфтаи ӯ, қарори Маҷлиси намояндагон ба якборагӣ Тоҷикистонро аз додгоҳ ҷудо намекунад.

“Аз нигоҳи ҳуқуқӣ, қабули қарор аз ҷониби Маҷлиси намояндагон маънои фавран хориҷ шудани Тоҷикистонро надорад. Тибқи моддаи 127-и Статути Рум, хориҷшавӣ одатан баъди як соли гирифтани огоҳиномаи расмӣ аз ҷониби Дабири кулли СММ эътибор пайдо мекунад”, – гуфт Самадова.

Вай таъкид кард, ки муҳлати яксола ҳам Тоҷикистонро аз ӯҳдадориҳои пештара озод намекунад: “Ҳамзамон, хориҷшавӣ Тоҷикистонро аз уҳдадориҳое, ки то ин давра ба вуҷуд омадаанд, озод намекунад”.

Дилрабо Самадова, Акс аз саҳифаи фейсбуки Д.Самадова

Дар матни расмии ҷаласа омадааст, ки Тоҷикистон Низомномаро 30-уми ноябри соли 1998 имзо кардааст ва Маҷлиси намояндагон онро 11-уми декабри соли 1999 тасдиқ кардааст. Дар он нагуфтаанд, ки огоҳиномаи расмиро ба СММ кай мефиристанд.

Тоҷикистон чӣ ба даст меорад ва чӣ аз даст медиҳад?

Ҳуқуқшинос мегӯяд, ки “эҳтимол, ҳукумат мехоҳад аз уҳдадориҳои ояндаи худ дар назди ин додгоҳ, аз ҷумла дар масъалаҳои ҳамкорӣ ва иҷрои қарорҳои он, раҳо шавад”.

Ба гуфтаи Самадова, талафоти асосӣ ба низоми мубориза бо беҷазоӣ вобаста аст.

“Пеш аз ҳама, як механизми муҳими байналмилалии мубориза бо беҷазоӣ барои ҷиноятҳои вазнинтарин — наслкушӣ, ҷиноятҳои зидди башарият ва ҷиноятҳои ҷангӣ канор мемонад”, – гуфт вай.

Ҳуқуқшинос шарҳ дод, ки пас аз эътибор пайдо кардани қатъи узвият салоҳияти додгоҳ маҳдуд мешавад: “Баъди эътибор пайдо кардани хориҷшавӣ, имконияти татбиқи салоҳияти додгоҳ нисбат ба ҷиноятҳои нави содиршуда дар Тоҷикистон маҳдуд мегардад, ҳарчанд баъзе асосҳои дигари салоҳияти додгоҳ боқӣ мемонанд”.

“Ақибравӣ аз уҳдадориҳои байналмилалӣ”

Самадова қарорро аз нигоҳи ҳифзи ҳуқуқи инсон чунин арзёбӣ кард: “Ба назари ман, ин тасмим аз нигоҳи ҳифзи ҳуқуқи инсон як қадами нигаронкунанда ва ақибравӣ аз уҳдадориҳои байналмилалӣ мебошад”.

Акс аз сомонаи Маҷлиси намояндагон

Вай ёдовар шуд, ки Тоҷикистон дар ин самт дар минтақа пешсаф буд: “Тоҷикистон яке аз аввалин кишварҳои минтақа буд, ки Статути Румро ба тасвиб расонд. Акнун, баъди беш аз 25 соли иштирок аз ин низоми байналмилалии адолати додгоҳӣ канор меравад”.

Ҳуқуқшинос афзуд, ки қатъи узвият дар додгоҳ маънои аз байн рафтани тамоми ӯҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистонро надорад, вале оқибатҳои дигар дорад.

“Ин тасмим метавонад ба эътибори байналмилалии кишвар ва эътимод ба омодагии он барои мубориза бо беҷазоӣ таъсири манфӣ расонад”, – гуфт Самадова.
Агар низои мусаллаҳона сар занад?

Яке аз паёмадҳои қарор, ба гуфтаи ҳуқуқшинос, ба амнияти худи Тоҷикистон мепайвандад.

“Агар дар оянда миёни Тоҷикистон ва яке аз кишварҳои ҳамсоя низои мусаллаҳона сар занад ва дар ҷараёни он ҷиноятҳои ҷангӣ, аз ҷумла куштори аҳолии осоишта, шиканҷа ё ҳамла ба иншооти ғайринизомӣ содир шаванд, хориҷшавӣ аз Статути Рум метавонад имкониятҳои расидан ба адолати байналмилалиро маҳдуд созад”, – гуфт ӯ.

Самадова таъкид кард, ки Тоҷикистон бо ин қарор танҳо аз уҳдадориҳо даст намекашад, балки як роҳи муҳими ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкоронро низ аз даст медиҳад. Вале “ҳамаи роҳҳои адолати байналмилалӣ баста намешаванд”, аммо “имконияти муроҷиат ба ин механизм маҳдудтар мегардад”.

“Аз ин рӯ, масъалаи узвият дар Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ танҳо масъалаи сиёсати хориҷӣ нест. Он ҳамчунин ба ҳимояи аҳолии осоишта, мубориза бо беҷазоӣ ва дастрасии қурбониёни ҷиноятҳои вазнинтарин ба адолат алоқаманд аст”, – гуфт ҳамсӯҳбати мо.
Дигар кишварҳо чӣ кардаанд?

Идибек Қаландар дар ҷаласа ёдовар шудааст, ки пеш аз Тоҷикистон чанд давлат аз додгоҳ берун шудаанд. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Русия имзои худро аз Низомномаи Статути Рим бозхонд кардаанд. Бурунди аз 27-уми октябри соли 2017 ва Филиппин аз 17-уми марти соли 2019 аз узвияти он баромадаанд. Маҷористон 20-уми майи соли 2025 расман баромадани худро ба котиботи додгоҳ хабар дод ва қатъи узвияти он аз 2-юми июни соли 2026 эътибор пайдо кард.

Ба гуфтаи Қаландар, Гамбия ва Африқои Ҷанубӣ низ баромадани худро эълон карда буданд, вале баъд ин равандро бекор карданд.

Ӯ гуфтааст, ки иқдоми Маҷористон пас аз он сурат гирифт, ки додгоҳ моҳи ноябри соли 2024 қарори ҳабси Бенёмин Натаняҳу, нахуствазири Исроил ва Йоав Галант, вазири собиқи мудофиаи Исроилро содир карда буд.

Паёмади сафари Путин ба Душанбе?

Қатъи амали Низомномаи Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ аз сӯйи Тоҷикистон ангушти ишорати коршиносонро ба қазияи сафари соли пеши Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ба Тоҷикистон бурд.

Дар ҷаласаи парлумони кишвар, ки қатъи узвияти Тоҷикистон дар ин додгоҳ баррасӣ шуд, ҳеҷ ишорае ба номи Владимир Путин, раисҷумҳури Русия нашудааст. Бо вуҷуди ин, Радиои Озодӣ қарори Тоҷикистонро бо дархости додгоҳ дар бораи боздошти Путин зимни сафараш ба Душанбе рабт додааст.

Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ дар шаҳри Лоҳа (Гаага, Ҳоланд) моҳи марти соли 2023 қарори боздошти раисҷумҳури Русияро баровард. Ӯ ба ихроҷ ва кӯчонидани иҷбории сокинон, аз ҷумла кӯдакон аз минтақаҳои ишғолии Украина муттаҳам аст.

Владимир Путин рӯзи 8-12-уми октябри соли гузашта бо як сафари давлатӣ ва ширкат дар нишасти сарони кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) дар Душанбе қарор дошт.

Вале ҳукумати Тоҷикистон ба дархости Додгоҳи байналмилалии ҷиноятӣ посухи расмӣ ирсол карда, аз ҷумла гуфта буд, ки тибқи созишномаи дуҷонибаи ҳамкорӣ бо Русия дар бахши адлия, мақомоти баландпояи ду тараф аз масуният бархурдоранд ва ҳукумати Тоҷикистон бе ризояти худи Русия ҳеч яке аз ин мақомҳои баландпояро дастгир карда наметавонад.

Посухи ҳукумати Тоҷикистон, ки рӯзи 25-уми сентябри соли гузашта ба Додгоҳи байналмилалӣ ирсол шудааст, ваҷҳи дипломатии дигар ин будааст, ки “Русия узви ин додгоҳ  нест ва масунияти Владимир Путин ҳамчун раҳбари давлат ҳифз мешавад. Барои ҳамин, ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон, амалкарди кишвар адами ҳамкорӣ бо додгоҳ шумурда намешавад”.

Он замон “дархости шарҳи боздошт накардани Владимир Путин аз кишварҳои дигари ҳамсоя ба мисли Қирғизистон, Қазоқистону Туркманистон ва Муғулистон буд, ки охири соли гузашта Владимир Путинро мизбонӣ карданд”.

Ёдовар мешавем, ки Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ дар шаҳри Лоҳа қарор дорад ва ҷиноятҳои мудҳиш, аз ҷумла ҷиноят алайҳи башарият, ба мисли наслкушӣ ва азобу шиканҷа ва қатлу куштору таҷовузро таҳқиқ ва гунаҳкоронашро ба ҷавобгарӣ мекашад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Схожие новости

#Наименование новостиТональностьИнформативностьДата публикации
1“Дафн”-и қаҳрамонон. Намоиш ё эътироз ба саркӯб?011.8819-05-2026
2"Як наврас ҷон бохт, панҷ кӯдак захмӣ". Ҳодиса дар канори "Баҳри тоҷик"06.0802-06-2026
3"Нооромиҳои сиёсӣ". Сабаби гаронии сӯзишворӣ дар Тоҷикистон чист?07.2316-07-2026
4Қаҳрамонии муҳоҷирони тоҷик. Чӣ гуна онҳо дар Бошқирдистон одамонро аз коми оташ наҷот доданд?08.4613-10-2026
5"Ду кас афв шуд." Ҳукми чанд милисаи муттаҳам ба марги як сокини Кӯлоб06.2928-07-2026
6Тоҷикистон аз ҳама бештар аз Беларус гӯшт ворид кардааст06.612-10-2026
7Талоқ дар 66-солагӣ. Қарори камсобиқаи додгоҳе дар Тоҷикистон010.8316-12-2025
8ВКХ: Дар миёни зарардидагон аз ҳамлаҳо ба фурудгоҳи Риёз шаҳрвандони Тоҷикистон нестанд012.4912-10-2026
9“Ду бор заҳролуд шудем.” Боздошт ва ихроҷи 6 ронандаи тоҷик аз Беларус06.3819-08-2026
10Оғози ҳамоиши байналмилалии сайёҳӣ ва мероси фарҳангӣ дар Душанбе. Аз ҳамоиш кӣ чӣ интизорӣ дорад?09.814-10-2026

Классификация: Информация. Схожих патентов: 0. Схожих новостей: 10. Тональность: 0. Информативность: 7.35. Источник: news.tj.