Чаро гӯшти Беларус дар Тоҷикистон серхаридор аст?
Дар нуҳ моҳ (январ – сентябр)-и соли равон Тоҷикистон ба маблағи қариб 84 млн доллар 21,4 ҳазор тонна гӯшт ва маҳсулоти иловагии гӯштӣ ворид кардааст, ки нисбат ба як соли пеш 31,6 млн доллар ва 60,3% зиёд аст. Аз ҳама бештар аз Беларус ба кишвари мо гӯшт ворид шудааст: ба маблағи 22,4 млн доллар.
Хадамоти гумруки кишвар хабар медиҳад, ки ҳаҷми гӯште, ки аз Белорус ворид шуд, 26%-и ҳаҷми умумии воридоти гӯшт ва маҳсулоти иловагии гӯштиро аз рӯи арзиши пулӣ ташкил медиҳад.
Инфографикаи asia+Воридоти гӯшт дар моҳҳои охир чӣ гуна тағйир ёфт?Қаблан, мақомот иттилоъ дода буданд, ки дар нимсолаи аввали соли 2026 Тоҷикистон тақрибан 13,8 ҳазор тонна гӯшт ва маҳсулоти иловагии гӯштӣ ба маблағи қариб 53,4 млн доллар ворид карда буд.
Қисми асосии воридотро дар ин давра гӯшти паранда ташкил медод. Аз ҷумла, дар моҳҳои январ–июн ба кишвар тақрибан 8 ҳазор тонна гӯшт ва маҳсулоти иловагии гӯштии парандаҳои хонагӣ ба маблағи беш аз 31,3 млн доллар оварда шудааст. Аз ин ҳаҷм тақрибан 6,45 ҳазор тонна ба гӯшти мурғ ва маҳсулоти иловагии он ба маблағи беш аз 24,9 млн доллар рост меояд. Воридоти гӯшти мурғи марҷон ва маҳсулоти иловагии он тақрибан 1,48 ҳазор тоннаро ба маблағи қариб 6,2 млн доллар ташкил додааст.
Ғайр аз ин, дар нимсолаи аввал ба маблағи қариб 19 млн доллар 4,6 ҳазор тонна гӯшти гов ва ба маблағи беш аз 2,3 млн доллар – тақрибан 898 тонна гӯшти гӯсфанд интиқол дода шудааст.
Муқоисаи маълумоти шаш ва нуҳ моҳ нишон медиҳад, ки дар моҳҳои июл–сентябр Тоҷикистон ба таври иловагӣ ба маблағи тақрибан 30,6 млн доллар тақрибан 7,6 ҳазор тонна гӯшт ва маҳсулоти иловагии гӯштиро ворид кардааст.
Чаро гӯшти Беларус дар Тоҷикистон серхаридор аст?Яке аз сабабҳои серхаридор будани гӯшти Беларус дар Тоҷикистон, нархи нисбатан арзони он дар муқоиса бо гӯшти гови маҳаллӣ мебошад.
Моҳи ноябри соли гузашта дар бозори “Саховат” 1 кг гӯшти гови Беларус бо нархи 75–85 сомонӣ фурӯхта мешуд, дар ҳоле ки нархи баъзе навъҳои гӯшти гови маҳаллӣ ба 120–145 сомонӣ мерасид. Гӯшти воридотӣ байни ошхона, қаҳвахона ва харидороне, ки нарх барои онҳо омили асосӣ ҳангоми интихоби маҳсулот ба ҳисоб мерафт, талаботи зиёд дошт.
Акси марбута аз бойгонии asia+Воридоти гӯшти Беларус чанд сол пеш оғоз шуда будВоридоти гӯшти гов аз Беларус ба Тоҷикистон чанд сол боз идома дорад. Моҳи ноябри соли 2019 шаҳрдории Душанбе бо корхонаи коркарди гӯшти шаҳри Слутски вилояти Минск барои воридоти 300 тонна гӯшти гов шартнома баста буд. Он замон 1 кг маҳсулот бо нархи 45 сомонӣ барои корхонаҳои хӯроки умумӣ пешбинӣ шуда, ба фурӯши чакана бароварда намешуд.
Дар солҳои минбаъда гӯшти Беларус дар бозорҳои шаҳр низ ба фурӯш бароварда шуд.
Моҳи июли соли 2026 Тоҷикистон ва Беларус ҳамчунин дар ҷаласаи комиссияи байниҳукуматӣ дар шаҳри Брест масъалаи рушди минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодиро баррасӣ карданд. Бахши кишоварзӣ яке аз самтҳои ҳамкориҳо баррасӣ шуда буд. Аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунид барои густариши ҳамкориҳои дуҷониба харитаи роҳ ба имзо расид.
Истеҳсоли дохилӣ низ афзоиш меёбадДар баробари афзоиши воридот, истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон низ рӯ ба афзоиш аст. Тибқи маълумоти Вазорати кишоварзӣ, дар нимсолаи аввали соли 2026 дар кишвар 135,6 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14,4% зиёд аст.
Истеҳсоли гӯшти паранда ба 21,1 ҳазор тонна расида, 7,1% афзудааст. То 1 -уми июл дар ҷумҳурӣ 234 корхонаи парандапарварӣ фаъолият мекард.
Аммо нархи гӯшт дар бозори дохилӣ ҳамоно баланд боқӣ мемонад. Тибқи маълумоти қаблан нашршуда, дар нимсолаи аввал 1 кг гӯшти гӯсфанд ва гов дар бозорҳои Тоҷикистон бо нархи аз 84 то 120 сомонӣ ап 1 кг гӯшти мурғ аз 30 то 50 сомонӣ фурӯхта мешуд.