То имрӯз беш аз 40 шаҳру ноҳияи кишвар нақшаи пешбинишударо пеш аз муҳлат пурра иҷро кардаанд.
Дар даҳ рӯзи аввали мавсими тирамоҳии ҷалби ҷавонон ба сафи Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, нақшаи даъват 84% иҷро шудааст.
Дар ин бора Вазорати мудофиа рӯзи 12-уми октябр хабар дода, гуфт, ки то имрӯз беш аз 40 шаҳру ноҳияи кишвар нақшаи пешбинишудаи даъвати тирамоҳиро пеш аз муҳлат пурра иҷро кардаанд.
Ин мавсими даъвати ҷавонон ба аскарӣ рӯзи 1-уми октябр, оғоз шуд ва то охири моҳи ноябр давом меёбад. Дар ин давра онҳое, ки аз 18 то 27-сол (солҳои таваллуди 1999-2008) доранд, ба аскарӣ ҷалб мешаванд.
Қаблан Вазорати дифоъ аз иҷроиши 55%-и нақшаи даъвати тирамоҳӣ дар рӯзи аввали ин маърака хабар дода буд. Он замон гуфта мешуд, ки дар ВМКБ нақшаи даъват 100%, дар вилояти Хатлон 76%, дар вилояти Суғд 13%, дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 64% ва дар шаҳри Душанбе 63% иҷро шудааст. Ҳамчунин, вазорат гуфта буд, ки беш аз 20 шаҳру ноҳияҳои кишвар нақшаи даъвати ҳарбиро дар рӯзи аввал пурра иҷро карданд.
Мақомот пурра иҷро шудани нақшаро пеш аз муҳлат “афзоиши ихтиёриён, пешниҳоди имтиёзҳо ба даъватшавандагон ва дуруст ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ” арзёбӣ мекунанд. Вале коршиносон мегӯянд, тибқи қонуни нави уҳдадорҳои ҳарбӣ, мақомот ҳақ пайдо карданд, ки тамоми сол ҷавононро ба артиш ҷалб кунанд ва маҳз ин чиз сабаб мешавад, ки онҳо нақшаро дар рӯзҳои аввали маъракаи даъват иҷро кунанд.
Ҳамасола дар давраи корзори давъати ҳарбӣ мавзуи ҷалби ҷавонон ба артиш дар Тоҷикистон доғ мешавад. Шароити номуносиб, бадрафторӣ бо сарбозон, меҳтарсолорӣ ва марги ҷавонон дар қисмҳои ҳарбӣ аз сабабҳои аслии саркашии ҷавонон аз хидмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар гуфта мешавад.
Дар ин маводи “Азия-Плюс” ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъвати ҳарбӣ посух дарёфт кунед: “Даъвати тирамоҳӣ ба артиш оғоз мешавад. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем“
| # | Наименование новости | Тональность | Информативность | Дата публикации |
|---|---|---|---|---|
| 1 | Оғози ҳамоиши байналмилалии сайёҳӣ ва мероси фарҳангӣ дар Душанбе. Аз ҳамоиш кӣ чӣ интизорӣ дорад? | 0 | 9.8 | 14-10-2026 |
| 2 | Боздошти як зани 49-сола бо гумони куштори шавҳари 70 – солааш | 0 | 16.25 | 12-10-2026 |
| 3 | Учителя в Махачкале шьют маски для раздачи жителям города | 0 | 0 | 13-05-2020 |
| 4 | Памфилова сообщила, около 40% сотрудников избиркомов привились от коронавируса | 0 | 0 | 08-07-2021 |
| 5 | Правительство планирует к 2030 году сократить сроки строительства промобъектов на 40% | 0 | 0 | 16-03-2021 |
| 6 | В Москве программу капремонта поликлиник завершили на четверть | 0 | 0 | 05-07-2022 |
| 7 | Реконструкцию магистральных водоводов Нарьян-Мара начнут в 2022 году | 0 | 0 | 24-03-2022 |
| 8 | Вакцинация против гриппа началась в Чечне | 0 | 0 | 09-09-2020 |
| 9 | В Махачкале в рамках нацпроекта в 2020 году отремонтируют 85 улиц | 0 | 0 | 19-05-2020 |
| 10 | Около 30% жителей Дагестана прошли вакцинацию от коронавируса | 0 | 0 | 04-10-2021 |