Чанде аз хориҷиҳо ҳам донишҷӯи сол шуданд.
Ҷамила Раҳматшоева, донишҷӯйи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ғолиби озмуни ҷумҳуриявии “Донишҷӯйи сол–2026” дар Тоҷикистон шудааст. Маросими ҷамъбасти ин озмун рӯзи 12-уми октябр дар шаҳри Душанбе баргузор шудааст.
Озмуни “Донишҷӯйи сол” миёни мактабҳои олӣ дар ду бахш — байни шаҳрвандони Тоҷикистон ва миёни донишҷӯёни хориҷие, ки дар донишгоҳу донишкадаҳои кишвари мо таҳсил мекунанд, сурат гирифтааст. Озмун бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон дар доираи таҷлили 35-солагии таъсисёбии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон доир гардидааст.
Ба гуфтаи масъулин, ҳадафи озмун “дарёфт ва қадрдонии донишҷӯёни соҳибистеъдод” буда, барои маълум кардани ғолибон донишу малака, ҷаҳонбинӣ, маҳорати суханварӣ, сатҳи омодагии касбӣ ва қобилияти эҷодии ширкаткунандаҳо ба назар гирифта шудааст.Ғолибон миёни шаҳрвандони Тоҷикистон чунин муайян шудаанд:
Ҷойи якум: Ҷамила Раҳматшоева, донишҷӯи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ;
Ҷойҳои дуюм: Гулнора Рустамқулова, донишҷӯи Донишгоҳи тиббии Хатлон ва Фараҳноз Нормуродзода, донишҷӯи филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. В. Ломоносов дар Душанбе;
Ҷойҳои сеюм: Меҳрона Шоймардонова, донишҷӯи Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷӣ ба номи С. Улуғзода, Шогуна Чупонова, донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии тиббӣ ба номи А. ибни Сино ва Динора Муминова, донишҷӯи Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия.
Акс аз радиои "Ховар" Акс аз радиои "Ховар" Акс аз радиои "Ховар" Акс аз радиои "Ховар" Акс аз радиои "Ховар" Акс аз радиои "Ховар" Акс аз радиои "Ховар" Акс аз радиои "Ховар"
Ҷойи якум: Нигин Алӣ Аҳмаднажод аз Эрон, ки донишҷӯи Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия аст;
Ҷойи дуюм: Сидҳарт Сунил аз Ҳинд, ки донишҷӯи Донишгоҳи давлатии тиббӣ ба номи А. ибни Сино аст;
Ҷойи сеюм: Ҳилай Муҳаммадӣ аз Афғонистон, ки донишҷӯйи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ аст.
Акс аз радиои "Ховар" Акс аз радиои "Ховар" Акс аз радиои "Ховар"
Ғолибони ҳар ду номина бо диплом, ҷом ва мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ шуданд. Ҷойҳои якум 4000 сомонӣ, ҷойҳои дуюм 3000 сомонӣ ва ҷойҳои сеюм 2000 сомонӣ ба даст овардаанд.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта Моҳҷабин Давлатқадамова, донишҷӯи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ “Донишҷӯи сол” эълом гардида буд. Ӯ чӣ корнома дорад, дар ин маводи мо хонед: “Барои ҳалли мушкили мардум ихтироъ мекунам”. Моҳҷабин Давлатқадамова – “Донишҷӯи сол”-и Тоҷикистон чӣ корнома дорад?“
| # | Наименование новости | Тональность | Информативность | Дата публикации |
|---|---|---|---|---|
| 1 | Ахбори Озодӣ аз 17-уми августи соли 2026 | 0 | 14.69 | 17-08-2026 |
| 2 | Ахбори Озодӣ аз 19-уми августи соли 2026 | 0 | 17.1 | 19-08-2026 |
| 3 | Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 октябри соли 2026 | 0 | 13.99 | 14-10-2026 |
| 4 | Ахбори Озодӣ аз 20-уми августи соли 2026 | 0 | 16.53 | 20-08-2026 |
| 5 | Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 октябри соли 2026 | 0 | 16.28 | 13-10-2026 |
| 6 | Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 октябри соли 2026 | 0 | 18.7 | 12-10-2026 |
| 7 | Bernameya Taybet bi Cama Cîhanê 2026 | 0 | 10.4 | 03-07-2026 |
| 8 | Цхинвал, 2026 | 0 | 60 | 23-06-2026 |
| 9 | Message to community | 0 | 0 | 28-06-2026 |
| 10 | Вызначыліся ўсе фіналісты «Еўрабачання-2026» | 0 | 10 | 15-05-2026 |