Тифл шаби 11 ба 12-уми октябр бедарак шуд ва мақомоти қудратӣ то ҳол ҷустуҷӯ доранд.
Шаби 11 ба 12-уми октябр, тақрибан соати як дар Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон, ки бо номи таваллудхонаи №1 маъруф аст, як кӯдаки навзод бедарак шудааст. Дар ин бора бибии кӯдак ба “Азия-Плюс” хабар дод.
Ба гуфтаи наздикони тифл, Мавзуна Акрамоваи 19-сола, сокини ноҳияи Нуробод, рӯзи 11-уми октябр тақрибан соати 10:00 фарзанди нахустини худро солим ба дунё овард, вале тақрибан соати 1-и шаб кӯдак бедарак шудааст.
“Рӯзи таваллуд, хешовандон тақрибан то соати 16:00 дар муассисаи тиббӣ буданд ва баъдан ба хона рафтанд. Субҳи рӯзи дигар, 12 октябр, онҳо мехостанд ба аёдати модари ҷавон ва навзод раванд, аммо ба амаки духтар занг зада, хабар доданд, ки тақрибан соати 1-и шаб кӯдак бедарак шудааст”
Моҳпарӣ Акрамова, хушдомани Мавзуна Акрамова ба “Азия-Плюс” гуфт, ки оила аз бедарак шудани навзод нигарон аст.
Ба гуфтаи ӯ, ба хешовандон хабар додаанд, ки гӯё дар сабти дурбини назоратӣ дида мешавад, ки як нафар бо либоси эҳтимолан кормандони беҳдоштӣ кӯдакро гирифта, меравад. “Азия-Плюс” ин иттилоъро мустақилона санҷида наметавонад, чун сабти видеоӣ дар ихтиёри идора нест.
Моҳпарӣ Акрамова аз фаъолияти кормандони муассисаи тиббӣ норозигӣ кард ва гуфт, “бедарак шудани кӯдак натиҷаи муносибати беэҳтиётонаи кормандони ин муассиса аст”.
Акс аз asia+Хешовандони модари кӯдак мегӯянд, кормандони милиса ба ҷустуҷӯи кӯдак машғуланд ва ба гуфтаи онҳо, мақомот то ҳол, беш аз 15 нафарро ба бозпурсӣ бурдаанд.
Дар Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон, бедарак шудани тифлро ба “Азия-Плюс” тасдиқ карда, гуфтанд, ки вазъ таҳти назорат қарор дорад ва баъзе ҳолатҳои ҳодиса аллакай муайян шудаанд.
Онҳо ваъда доданд, ки пас аз пайдо шудани кӯдак ва супоридани ӯ ба хешовандон, маълумоти муфассал пешниҳод мекунанд.
Талошҳои мо барои дарёфти иттилои бештар аз Вазорати корҳои дохилӣ бенатиҷа анҷомид. Аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба мо гуфтанд, ки ҳодисаро муайян карда истодаанд.